(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мошинсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба 900 нафар сокинони эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд бастаҳои маводи ниёзи аввал тақсим карда шуд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин тадбир бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, бори дигар аз сиёсати раъиятпарварони Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакатро дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.

Раиси шаҳр гуфт, ки ин иқдом дар оянда низ тақвият ёфта, аз он мардуми камбизоату осебпазири иҷтимоӣ, аз ҷумла шахсони дорои маъюбиятдошта, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимони бепарастор ва ғайраҳо буданд, баҳрабардорӣ менамоянд.

Сипас, ба 900 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд бастаҳои ниёзи аввалия, ки иборат аз орд (50 кило), биринҷ, шакар, макарон, лубиё, наск, нахуд, марҷумак, чойи хушк ва ғайраҳо тақдим карда шуд.

Мардуми баҳраваргардида аз ин иноят изҳори хушнудӣ намуда, ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ва ташкилкунандагони ин иқдом миннатдорӣ баён намуданд.

Тавре, ки котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иттилоъ дод : «Ин иқдом аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази Имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ гардида, ба 10 500 нафар аҳолии ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба 900 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва бахшида ба моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки ҳамасола дар моҳи май таҷлил мегардад, кӯмак расонида мешавад. Ҳадаф дастгирии ашхоси камбизоату эҳтиёҷманд аст».


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд