(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДу нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд Хуршедҷон Комилов ва Гурдофарид Сангин дар доираи лоиҳаи "Қуттиҳои иқлимӣ", ки санаҳои 24-27 апрели соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон зимни иштирок дар конфронси дуюми байналмилалии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавзўйи “Тағйирёбии иқлим» ғолибият ба даст оварда буданд, ба Ватан баргаштанд.

Хонандагони ғолибро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд волидайн, устодону омӯзгорон самимона пешвоз гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки Хуршедҷон Комилов хонандаи синфи 10-и “Гимназияи ба номи Гёте”-и ш. Хуҷанд ва хонандаи синфи 11-уми “Мактаби ба номи П. Пўлотов" Гурдофарид Сангин дар ҳайати дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни номбурда иштирок намуда, дар номинатсияи алоҳида беҳтаринҳо эътироф карда шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки роҳбари илмии хонандагон Заррина Мирзошарипова, омўзгори фанни экологияи “Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте”-и шаҳри Хуҷанд мебошад.

Хонандагони ғолибро ҳамчунин дар ҷойи таҳсилашон, яъне дар “Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте” ва “Мактаби ба номи П. Пўлотов" дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи "Қуттиҳои иқлимӣ" санаҳои 24-27 апрели соли 2019 дар ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси дуюми байналмилалии муаллимон Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавзўйи “Тағйирёбии иқлим» ва финали озмуни якуми байналмилалии лоиҳаҳои мактаббачагон оид ба масъалаи “Тағйири иқлим” баргузор гардид. Дар ин озмуни бонуфуз иштирокчиён аз 9 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Молдова буданд. Дар маросими ифтитоҳи озмуни байналмилалӣ сардори Раёсати рушди устувор ва урбанизатсия БРСММ дар Қазоқистон Рамзан Жампиисов, сардори Раёсати маорифи ш. Алмаато Гулнора Хоҷабергенова, Консули Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар ш. Алмаато Ирина Переверзева, раиси Шӯрои сарпарастони Фонди Бунёди ташаббусҳо оиди манфиати ҷамъиятӣ Алия Назарбаева суханронӣ намуданд. Ҳамаи баромадкунандагон дар бораи аҳамияти таҳсилоти экологӣ сухан гуфтанд ва изҳор доштанд, ки ҳар як шахс барои тоза нигоҳ доштани ҷаҳон барои наслҳои оянда масъул аст.

Масъалаҳои ҳозираи тағйирёбии иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун яке аз проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ эътироф карда мешаванд. Барои ин бояд аз хурдӣ дониши экологии кўдаконро баланд бардорем.

«Барои омӯзиши қонунҳои ҳаётан муҳим саҳми мо бояд калон бошад. Азбаски қонунҳои табиат ва қонунҳои ҳаёт якранганд. Омўзиши экологӣ дар дарсҳо бо проблемагузорӣ, ба тариќи интерактивӣ, лоиҳаҳои эҷодӣ бояд анҷом дода шаванд", - гуфт Алия Назарбаева, раиси Шӯрои сарпарастони Фонди Бунёди ташаббусҳо оиди манфиати ҷамъиятӣ дар суханронии худ.

Дар ин озмун зиёда аз 40 лоиҳаҳои экологӣ аз 9 кишвари ҷаҳон пешниҳод карда шуданд, ки ташаббуси шахсии кӯдакон ва муаллимони онҳоро муаррифӣ мекунад ва ба манфиати мактаби худ, шаҳри худ ва кишвари худ мебошад. Дар рафти озмун иштирокчиён лоиҳаҳои эҷодӣ, таҳқиқотҳои худро дар доираи ду мавзўйи асосӣ “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби сайёра” ва “Паст кардани фарогирии карбон” муаррифӣ намуданд. Инчунин барои онҳо ҷаласаҳои сершумор, семинарҳо оид ба экотуризм, лексияҳо дар мавзӯъҳои экологӣ, машғулиятҳои лабораторӣ оид ба кам кардани партовҳои зараровар ба атмосфера, инчунин экскурсияҳо ба ҷойҳои зебои Қазоқистон гузаронида шуданд.

Гурӯҳҳо дар 8 номинатсия фаъолият бурда, дар натиҷа 8 лоиҳаи беҳтарин номбар карда шуд. Дастаи хонандагони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз аз 4 нафар иборат буданд, ки қаблан дар марҳалаи миллии озмуни байналмилалии лоиҳаҳои экологии хонандагони оид ба тағйирёбии иқлим ғолиб дониста шуда буданд: Аз ҷумла, лоиҳаи Камилов Хуршедҷон ва Сангин Ғурдофарид "Тоза кардани дарёи Сир" дар номинатсияи "Пешбурди амалии ғояҳои инноватсионӣ дар обтозакунӣ” лоиҳаи беҳтарини озмуни байналмилалии лоиҳаҳои экологии хонандагон оид ба тағйирёбии иқлим байни давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи "Қуттиҳои климатӣ" шинохта шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд