(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар мактаби хусусии «Гулчини маърифат» машварати директорони мактабҳо баргузор гардид. Дар машварат ҳамаи директорон, мудири шуъбаи маорифи шаҳр иштирок доштанд. Сараввал директорон бо намоиши корҳои эҷодии хонандагон шинос гардиданд. Баъд машварат ба кори худ оғоз намуд.

Роҳбари иттиҳодияи директорон Муяссар Салимова иштироккунандагонро бо барномаи кори машварат шинос намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки машварат аз нишастҳо дигар фарқи куллӣ дошт. Мутахассиси ҷавон, омӯзгори фанни химияи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Умедҷон Қодиров барномаи хешро дар мавзуъи: Муносибатҳои иннаватсионӣ дар ташкили раванди таълим пешкаши ҳозир намуд. Итилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия намудани ин барнома баҳри беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии назорати таълим буда, аллакай ба натичаҳои назаррас соҳиб гаштааст. Дар оянда аз ин барнома дигар омӯзгорон низ баҳравар шуда метавонанд.

Сипас бо иштироки директорон дарс - шоу дар мавзуъи рузмарра «Худкушӣ- наҷот ё фирор» гузаронида шуд, ки сарварон муассисаҳои таълимӣ дар ин дарс фаъол буданд. Аз байни директорон коршинос ва психологон низ интихоб карда шуданд, ки он дарсро хеле рангин намуд.

Ин дарси намунавӣ хеле шавқовар гузашт.

Сипас директорон дар қисми амалияи машғулият аз дастранҷи маҳфили «Гулдухтарони Гулчин» ошноӣ пайдо намуда, ба кори духтарон баҳои баланд доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мактаби хусусии «Гулчини маърифат» тӯли 2 соли охир ба муваффақиятҳои калон ноил гашта, ба қатори яке аз мактабҳои беҳтарини шаҳри Хуҷанд дохил гаштааст. Дастоварди хонандаи синфи 7 Иқболҷон Темурхоҷаев чун барномасози аз ҳама ҷавони Тоҷикистон аллакай шуҳрати байналхалқӣ пайдо намуд ва соҳиби якчанд медалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гаштааст. Оятулло Зикриёев хонандаи синфи 11 аз фанни химия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тилло, хонандаи синфи 9 Манучеҳр Турсунов сазовори медали нуқра гаштааст. 11 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои шаҳрию вилояти сазовори ифтихорӣ шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд