(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар муассисаи таьлимии томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд бо кӯдакони гуруҳи калон, яъне 5-6 сола машғулияти кушод аз омӯзиши забони русӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур аз ҷониби мураббияи кудакистони мазкур Уркия Шарофиддинова ташкил ва гузаронида шуд.

Мавзуи машғулият "4 фасли сол" ном дошта, дар он воситаҳои техникии таълим доир ба табиати нотакрор ва биҳиштосои Тоҷикистон дар фаслҳои гуногун маълумоти васеъ дода шуд. Ҳамчунин дар ҷараёни машғулият ашёву айёнияти намоишӣ ва тақсимотӣ васеъ истифода бурда шуд.

Кӯдакон бо завқу самимият дар машғулият фаьолона иштирок карданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки машғулияти мазкур дар ҷодаи татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забнҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 роҳандозӣ карда шуд.

Қобили қайд аст, ки алҳол дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд шумораи гуруҳҳои таълимашон бо забони русӣ 45 адад буда, ҳамзамон дар 136 адад гурӯҳҳои алоҳида машғулиятҳои иловагӣ аз забони русӣ ва дар 130 гуруҳҳо машғулиятҳои забони англисӣ гузаронида мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд