(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ташкил ва гузаронидани вохўрию сўҳбатҳои муфиди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил бо донишҷўён ва ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон,аз ҷумла даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури устодону омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқоти судманд сурат гирифт.

Дар нишаст Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил Толибҷон Зоҳидов, Абдуғафор Ваҳобов, Абдуваҳҳоб Ҳоҷибоев ва намояндаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Аваз Қурбонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки санаи 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дар якчанд давлатҳои ҷаҳон ифлосшавии радиатсионӣ мушоҳида шуда, аксари аҳолии ҳамшафат зарар диданд. Мутаасифона бо вуҷуди он, ки аз ин ҳодисаи мудҳиш 33 сол сипарӣ шуда бошад, ҳам вале доғу осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафкунии ин садама аз байн нарафтааст. Соли 2001 бо муроҷиати роҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба роҳбарияти Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод гардид, ки санаи 26 апрел ҳамчун «Рӯзи байналхалқии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқи атомии Чернобил» қабул карда шавад. Баъд аз хуб пазироӣ шудани ин пешниҳод, ҳар сол санаи 26 апрел ҳамчун «Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил» қайд мегардад.

Иштирокдорони мулоқот роҷеъ ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки боиси хушунудист, ки сол аз сол сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ, яъне хизмат намудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Таъкид шуд, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Аз ин рў, аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ камари ҳиммат банданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд