(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадорони ҷангу меҳнат рафтБахшида ба 21-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои дидорбинию аёдат ба манзили чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд рафт.

Қабл аз ҳама Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи собиқадори меҳнат, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов ташриф овард. Раиси шаҳри Хуҷанд аз зиндагии ин шахси соҳибэҳтиром пурсон шуда, аз номи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ӯро бо ин санаи фархунда табрик намуд. Ҳангоми суҳбат Баҳриддин Ахмедов барои ғамхории ҳамешагӣ ба сарвари мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сипосмандии самимонаи худро изҳор намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадорони ҷангу меҳнат рафт

Собиқадори меҳнат Усмон Тоҷибоев имрӯз дар иҳотаи фарзандон даврони пирӣ меронад. Мавсуф аз ташрифи Раиси шаҳри Хуҷанд ва паёми табрикотии рохбарияти вилояту кишвар шод гашта, зикр намуд, ки ӯ ҳамеша дуогӯи ободии кишвар аст.

Синни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳим Воҳидов, Қосим Мирзохонов ва Аҳрулло Саидов имрӯз аз 90 солагӣ гузаштааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити зиндагӣ ва ҳоли эшон пурсон шуда, ҳангоми сӯхбати самимӣ бо онҳо зикр намуд, ки ғамхории давлату ҳукумат нисбати чунин ашхос, бахусус иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамарӯза ва хоса аст.

Пирони рӯзгордида, дар навбати худ қайд намуданд,ки онҳо аз корҳои созандагию ободонии шаҳру вилоят огоҳӣ доранд ,пайваста барои тарбияи неки насли наврас, ҳидояти онҳо ба амалҳои хайр кӯшиш менамоянд.

Ба ҳамаи аёдатшудагон туҳфаҳои хотиравӣ ва қумаки яквақтаи маводи ғизо супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз зиёда аз 150 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарони мустафъӣ аёдат карда шуда, ба ҳамаи онҳо кӯмаки моддӣ расонда шуд.

Дар баробари ин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи 21 –юмин солгарди рӯзи таъсисёбии рӯзи Артиши Миллӣ баргузор гашта, дастурхони идона ороста шуд.

Гурӯхҳои ҳунарии хонаҳои маданияти шаҳри Хуҷанд бо барномаи консертӣ дар назди афсарону сарбозон баромад намуданд.

Чорабиниҳои идона дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.