(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶонмаҳмад Дӯстов сокини маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Руссия қарор дошт, баъди дастрас намудани даъватномаи ҳарбӣ ба суроғаи хонааш бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд.

Ҷонмаҳмад Дӯстов, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус ҷавонон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда, садоқат ба Пешвои миллат, Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Мо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ монда, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем ва ҳамеша барои ҳимояи Ватан аз таҳдиду хатарҳои муосир омода ҳастем.

Воқеан ҳам ин иқдоми ватандӯстони Ҷонмаҳмад Дӯстов барои дигар ҷавонони Хуҷандшаҳр намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.

Хушбахтона имрӯз бо пайравӣ ба Ҷонмаҳмад Дӯстов як қатор ҷавонони ватандӯсти маҳаллаҳои Бофанда ва Ваҳдати шаҳри хуҷанд, аз ҷумла Ҷумъабой Юсупов, Парвиз Ҳасанов, Субҳонхоҷа Умаров, Наврӯз Хӯҷанов, Паҳлавон Санаев ва дигарон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Бояд зикр намуд, ки Давлат ва Ҳукумати ҷавони кишвар барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намуд. Ва имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.

Ҳифзи Ватан, ору номус, матона, ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.

Биёед ВАТАН-амонро худамон ҳифзу посбонӣ намоем!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд