(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019 дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд бонги хатар эълон карда шуд, ки маҷмуъи чорабиниҳо санаҳои 18-20 апрели соли равон дар мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла» гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ситод гузаронида шуда, масъулини дахлдор вазифагузорӣ гардиданд.

Сардори бахши ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд подполковник Мирзораҳим Абдуллоев доир ба рафти чорабинӣ гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ҳадафи машқҳои мукаммал ин баланд бардоштани омодагии мақомоти идоракунӣ, ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комисияи эвакуатсионӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амалии ҳайати шахсии мақомоти идоракунӣ ва ғайра мебошад.

Сипас, ҳайати роҳбарикунандаи ситод аз ҷойи баргузории машқгоҳ боздид намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд