(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр бо иштироки ширкати байналхалқии сармоягузории «Тоҷсармоя» ва соҳибкорони шаҳр баргузор гардид.

Чорабиниро Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «300 рўзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми марти соли 2019 мебошад. Таъкид шуд, ки имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи хоса баҳри ривоҷу равнақ ёфтани соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.

Сипас, Диловар Сафаров, директори генералии ширкати байналхалқии консалтингӣ-сармоягузории «Тоҷсармоя» баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ин ширкат дар сатҳи байналхалқӣ буда, бо тамоми соҳибкорону сармоягузорони Аврупову Осиё ва ИДМ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Мақсади ин ширкат дастгирии соҳибкорӣ буда, барои ёфтани сармоягузорони хориҷӣ баҳри бунёди корхонаҳо, равнақ ёфтани соҳибкорӣ ва дар амал татбиқ намудани бизнес-нақшаҳои соҳибкорон мусоидат мекунад.

Ҳангоми мулоқот якчанд соҳибкорон ба саволҳои хеш ҷавоби мушаххас гирифта, аз ташкили чунин вохўрӣ ва чунин ширкати сармоягузорӣ хеле қаноатманд гашта, изҳор намуданд, ки шартҳои пешниҳоднамудаи ин ширкат назар ба бонкҳо саҳеҳтар аст.

Иштирокдорони ҷаласа ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ташкил намудани чунин вохўриҳо, ки баҳри баланд бардоштани донишу савияи соҳибкорон ва тавсеъаи фаъолияти онҳо равона гардидааст, миннатдорӣ баён намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд