(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаванди робитаҳои иқтисодӣ собит менамояд, ки имрўз шаҳри Хуҷанд бо 28 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 100,2 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 2,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 1,3 миллион доллари амрикоӣ ва 1,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум татбиқи се лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аз ҷумла: оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” “Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нўшокии шаҳри Хуҷанд” ва “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд”идома дорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд