(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ, бо иштироки намояндаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов мулоқоти судманд бо фаъолони маҳаллаҳо ва омӯзгорони макотиби шаҳр касбу кори гуногун баргузор гардид.

Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки солҳои охир терроризму экстремизм ҷаҳонро ба гирдоби ваҳшату низоъҳои хунбор рӯ ба рӯ намудааст. Имрӯз аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар гуна ҳаракати даҳшатафканию ифротгароӣ боиси нооромии ҷамъият мегардад ва мардуми кишваре, ки дар он сулҳу субот ҳукмфармо нест, зиндагии орому осоишта надоранд, ба таназзул, гуруснагӣ, зулму тааддӣ ва хонавайронию гурезагӣ рӯбарӯанд.

Сипас, намояндаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳви якдигар қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавиаш дар минтақа байни бархӯрди манофеи абарқудратҳо қарор дорад. Чунин ҷойгиршавӣ имкон дорад барои манфиатхоҳон ҳамчун восита истифода шавад. Ин воситаҳо метавонанд хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, бахусус идеологӣ-динӣ-ифротгароӣ, дошта бошанд. Дар солҳои аввали истиқлолият баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути ваъдаҳои бардурӯғ хостори ғасби ҳокимият шуда, сабаби куштори ҳазорон шахсони бегуноҳ, бадбахту мусибатзада шудани оилаҳо гардиданд. Агар солҳои 90-уми асри XX ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз камиттилоотии мардум истифода бурда бошанд, имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳи Осиёи Марказӣ низ ба ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ дониставу надониста ҳамроҳ мешаванд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар моҳ аз боздошт шудани чанд тан барои ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ хабар медиҳад. Бояд аҳли ҷомеа, мактабу донишгоҳҳо, ходимони фарҳангу дин дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ фаъол бошанд, то ки пеши роҳи ғояҳои ин даҳшатафканӣ гирифта шавад. Нуфузу талоши гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳое зиёд аст, ки донишу фарҳанги мардум дар сатҳи лозимӣ нест. Террористону ифротгароён аз ин фурсат, аз ин вазъ истифода мебаранд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои рушду инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Инчунин, ҳуқуқ ба озодии виҷдон ҳамчун арзиши олӣ эътироф мешавад. Пас бояд ба қадри ин неъматҳо бирасем ва нагузорем, ки ҷиноятҳо ва амалҳои террористиву экстремистӣ содир бишаванду суботу оромиро барҳам зананд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд