(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бо ҳузури намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камар Нурулҳақов ва Сайфулло Муллоҷонов мулоқоти судманд бо кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилоти гуногун, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.

Сипас, намояндаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов доир ба хатарҳои рӯзафзуни экстремизму терроризм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ изҳори андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳарчанд имрўзҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаи мазкур корҳои босамар амалӣ гашта, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда бошад ҳам, дар ин росто ҷомеа, ҳар як узви он набояд бетараф бошад. Ҳамагон баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сарҷамъ сарҷамъ гардида, дар ин самт бояд муборизаи дастаҷамъона барем. Зеро он рӯзе ба амнияти мо ва ё узви оилаи мо таҳдид хоҳад намуд.Имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Сайфулло Муллоҷонов таъкид дошт, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешавад, шарики онҳо буда, ҳаммаслаки мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зидди давлатии онҳост. Яъне ин нафар душмани давлат ва миллати худ буда, бар зидди ватани худ қарор мегирад. Ҳамин тариқа ӯ хоин ва ба тамоми маънояш ватанфурӯш мешавад. Ин гуна ҷавонон на ҷаҳонбинии динӣ, на ҷаҳонбинии дунявӣ ва на ҷаҳонбинии илмӣ дошта, раҳгумзадаву тираақланд. Аз таълимоти ислом ва сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ огоҳ нестанд.

Сайфулло Муллоҷонов ҳамчунин доир ба вазъияи ҳассои ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои он, оқибати ҷанги Сурияю Ироқ бо арқому далелҳо мисолҳои фаровон гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд