(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоле ду маротиба Ватан-Модар ба фарзандонаш нидо мекунад, ба ҳифзаш даъват месозад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ натанҳо барои меҳан, балки барои ҷавонписарон марҳилаи басе ҳассосу тақдирҷунбон маҳсуб меёбад.

Худогоҳиву хештаншиносӣ ва масъулияти ватандорӣ ҳанӯз аз суруди аллаи модар оғоз гардида, бо гузашти вақт такмил меёбаду ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал мегардад. Ин табаддулотро дар ниҳоди ҷавонон омӯзгорон дар соатҳои дарсию тарбиявӣ, барномаю филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба мардонагиву шуҷоат, хондани қиссаву очеркҳо оид ба фаъолияти қисмҳои ҳарбиву матонат дар машқҳои ҳарбӣ ба вуҷуд меоваранд, ки дар натиҷа меҳри Ватан ба ишқи бузург табдил ёфта, чун ҷавонмардони баору номус барои ҳифзу ҳимояи Ватан бо ишқи поку самимияти афзун баҳри адои хизмати Ватан ба аскарӣ мераванд.

Маҳз ишқи поки инсонҳо нисбат ба марзу бум, ба зодгоҳу ватан аст, ки барои ҳифзи он ҷон месупоранд. Дар ҳама давру замон ҷавонмардоне бо матонату далериашон дар роҳи ҳифзи Ватан намунаи ибрату шоистаи пайравӣ гаштаанд. Касе таърихи худро фаромӯш накардааст ва нахоҳад кард. Махсусан, қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ то ба имрӯз вирди забонҳо мебошад.

Вақте 22 июни соли 1941 ба хоки Иттифоқи Шӯравӣ фашистони истилогар аҳдшиканона ҳуҷум овард, Ватан-Модар нидо кард. Муҳаббат нисбат ба зодгоҳ ва Ватан буд, ки ин нидо ба гӯши миллионҳо сокини кишвар расид ва аллакай рӯзи дуюми ҷанг комиссариатҳои тамоми Иттифоқи Шӯравӣ бо хоҳишмандони майдони набард пур гаштанд.

Давоми солҳои 1941-1945 аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор ба фронт рафта, 208 ҳазор нафарашон дар майдони ҷанг абадӣ хуфтанд, танҳо 92 ҳазор ба назди оилаи худ баргашт. Ин олитарин намунаи муҳаббат нисбат меҳан аст.

Боз як воситаи дигаре, ки дар вуҷуди ҷавонон ҳисси ифтихору бо хотири ҷамъ адо кардани қарзи шаҳрвандиро бештар месозад, маъракаи ботантана гусел намудани наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Ин маросим ба маъракаи калони идона табдил ёфта, ҷавононро ба он талқин месозад, ки хизмати онҳо ҳаргиз аз мадди назари роҳбарият дур намемонад ва давлат ҳамеша онҳоро пуштибонӣ карда, ба хизмати софдилонаю садоқатмандонаи онҳо эҳтиёҷ дорад.

Рӯзҳои аввали моҳи апрел аз шаҳри Хуҷанд низ ҷавонписарон қатори наваскарони даъватшудаи вилояти Суғд ба артиш сафарбар гардиданд, зеро хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992–2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расидааст. Ин фармон ҷавонони далеру шуҷои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла, шаҳри Хуҷандро бо дарки баланди масъулият, ҳисси баланди меҳанпарастӣ барои ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ ба ин майдони шараф водор сохт.

Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст. Ҳар шахси комилақл барои модар ва аҳли оилааш мехоҳад хизмати шоистае карда, қарзи фарзандии худро дар наздаш адо кунад. Аввалин қарзи ҷавонмардони Ватан ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ буда, барои ҳимояи он сипари боэътимод гардидан мебошад. Марзу буми кишвар барои мо - сокинони ин Ватани орому осуда ҳамеша қимат буду муқаддас. Бинобар ин мебояд ин муқаддасоти худро амсоли гавҳараки чашм нигоҳбонӣ кунему барои ҳифзаш ҳамеша омода бошем.

Бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтани ҷавонон шаҳодат медиҳад, ки сол аз сол ҳисси меҳанпарастии ҷавонон баланд шуда, дар тақдири давлатдории навини тоҷикон онҳо бетараф нестанд. Бар замми ин, Ҳукумати мамлакат масъалаҳои таъминоти моддӣ ва мустаҳкамгардонии иқтидори мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таҳти таваҷҷӯҳи хоса қарор додааст. Зеро, артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд анъанаи аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн роҳандозӣ гардида, барои волидон ҷиҳати аёдати фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ шароити заруриро фароҳам меорад.

Ҳангоми гусели даъватшудагон аён мегардид, ки дар умқи чашмони ҳар яке шарорае барқ мезад. Ҷавонписарон аз он ифтихор мекарданд, ки ҳамчун ҷавонмарди майдон ба ҳимояи Ватан мераванд, ҷавондухтарон ноаён мезавқиданд, ки ба писарони имрӯза метавон ҳаёти худро бовар кард, зеро онҳо имрӯз бо сари баланду дили пур аз фараҳ ба ҳимояи марзу буми Ватан мераванд. Аз он ҷо дарси мардонагию шуҷоат меомӯзанду ба қадри зиндагӣ, сулҳу амонӣ, хонаву оила мерасанд.

Волидайни наваскарон фараҳманд аз он буданд, ки тавонистанд дар қалби кӯчаки фарзандашон меҳри Ватанро ҷойгир кунонанд ва шаҳомати ватандориву меҳанпарастиро маҳз дар адо намудани қарзи шаҳрвандиву фарзандии худ дар назди Ватан-Модар нишон диҳанд.

Онҳо ифтихор аз он доштанд, ки фарзандашон чун сипари боэътимод, чун нигаҳбони Ватан, чун ҳомии ин марзу бум имрӯз ба хизмат меравад, зеро худогоҳу хештаншинос ва соҳиби ҳуввияти баланди миллист.

Ватани мо, Тоҷикистони азизи моро имрӯз касе ғайр аз худамон ҳифз нахоҳад кард. Ватан мисли модар ҳар яки моро ба оғӯш кашидаву бо меҳр парвардааст, то рӯзе ба ҳифзаш ҷон рӯи каф гирифта, марзу бумро ҳимоя кунем. Халқи тоҷик ҳам ором хоҳад хуфт, зеро муҳофизони ватандӯсташ бо масъулияти баланд шабу рӯз дар муҳофизат қарор доранд.


Мавзуна Ваҳҳобова,
«Тирози ҷаҳон»