(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо мақсади таҳкими сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст то интиҳои соли 2015 тамоми мактабҳои шаҳри Хуҷандро ба гармидиҳии мутамарказонишуда алоҳида, бо истифодаи ангишт гузаронад. Зимистони соли 2013- 2014 ба тариқи таҷриба дабистонҳои № 31,№ 4 ва мактаби хусусии «Иршод» синфхонаҳои худро тавассути буғхонаҳои худи мактаб гарм намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба идораи маориф ва идораи сохтмони асосӣ супориш дод, ки дар мактабҳое ки имкони эҳёи воситаҳои гармидиҳиро доранд ва ё ба бунёди буғхона эҳтиёҷ доранд лоиҳа ва нақшаи корӣ таҳия намоянд.

Лозим ба ёдоварист,ки аксарияти макотиби шаҳри Хуҷанд дар сурати сохтан ва ё таҷдиди буғхона имкони пурраи бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳоро доранд.