(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти ин унвон аксияи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои кӯдакони синдроми Даун баргузор гардид.

Макони баргузории ин иқдоми хайриявӣ – муассисаи ба тозагӣ таъмиру таҷдидшудаи Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд аз саҳар қабои идона дошт.

Дар аксияи хайриявии “Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ” 50 нафар кӯдакон ҳамроҳ бо модару бибиҳои худ иштирок карданд. Ин аксия дар сатҳи хеле баланд, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муассисаву идораҳо, фаъолони ҳизб ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҷараён гирифт.

Толори муассиса ба таври назаррабо оро ёфта, макони афсонавиеро мемонд, ки боиси фараҳу шодии кӯдакон гардид.

Дар як тараф аксҳои ҷолиби “кӯдакони хуршедӣ”, ки ифодагари тифлии беғаши онҳо буд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷониби дигари толор гурӯҳе аз кӯдакон маҳорати расмкашии худро ба намоиш гузоштанд.

Аксҳои ҷолиби диққат ва пурмазмуни офаридаи онҳо бозгӯи ҳаёти осуда ва моломоли орзуҳои неки кӯдакона буд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода дар баромадаш зикр кард, ки дастгирӣ ва зоҳир намудани ғамхории пайваста ба насли наврас, махсусан, кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзалият дорад. “Сиёсати инсонпарварона ва хайрхоҳонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар самти дастгирии моддиву маънавии наврасон ғояҳҳои нав ба навро амалӣ гардонем. Мо пояндагии миллатро дар солимии он мебинем ва кӯшиш мекунем, ки ин ҷавҳари бузург ҳифз карда шавад. Хушбахтона, иқдому ташаббусҳои мо аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша дастгирӣ меёбад. Ва доир шудани аксияи навбатӣ, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ мегардад, бозгӯи муштарак будани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст”- зикр намуд Матлубахон Амонзода.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилоят бо боварӣ изҳор кард, ки иқдоми “Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ” дар қалби кӯдакон хуршеди пурҷилоро мунаввар намуда, меҳри самимии ҳамагонро нисбаташон падид меоварад. Таваҷҷӯҳи ҷомеа ба онҳо боиси авҷи эҷод, камолоти маънавӣ ва солимияшон мегардад.

Тахмина Ҳакимова, коршиноси соҳа ва яке аз ташаббускорони иқдоми хайриявӣ таъкид кард, ки ин кӯдакон пеш аз ҳама ба таваҷҷӯҳу дастгирии ҷомеа ниёз доранд. Вай баргузории аксияро қадамҳои умедбахш барои камолоти маънавӣ ва солимии “кӯдакони хуршедӣ” дониста, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани аксия ба КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд арзи миннатдорӣ намуд.

Хушҳолии волидон ва хусусан кӯдакони онҳо ҳадду канор надошт. Зеро баҳри онҳо намоиши ҷолиби фарҳангиву абадӣ муҳайё гардида, чанде аз кӯдакон маҳорати шеърхонӣ, доиранавозӣ, рассомии хешро нишон доданд. Баҳри “кӯдакони хуршедӣ” тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Иштирокчиёни аксияи “Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ” зикр намуданд, ки ин иқдом воқеан тавонист барои кӯдакони хуршедӣ нуру зиё ва хушбахтӣ эҳдо намояд.

Дар аксия зиёда аз ҳазор нафар намояндагони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида иштирок карда, дар кори хайр шарик шуданд. Маблағҳои ҷамъшуда барои табобату кӯмак ва умуман солимии кӯдакони хуршедӣ сарф карда мешавад.

Сухани халқ