(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони иншооти таъиноташ гуногун, аз маҳалли якчанд иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзода нахуст бо раванди корҳои азнавсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ошно гардид. Дар ин боғ аллакай бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи он оғоз гардида, корҳои хатти обрасонӣ ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон бо тартибдарории он ва оғози бунёди фаввораҳои боғ ҷараёни тоза касб намудааст. Суръати корҳо дар бунёди расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ низ ба чашм мерасад.

Шаҳрдор ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар вақти муайянгардида супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр аз рафти корҳои таъмиру таҷдид ва васеънамоии роҳи кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви шаҳри Хуҷанд шинос гардид. Роҳбари шаҳр ба роҳбарони сохторҳои КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр дастур дод, ки бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани роҳҳои канории шаҳр, аз ҷумла дар ду канори кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви даромади маҳаллаи Чашмаи Арзана пайроҳаҳо бунёд намоянд ва тадбирҳои муҳим, аз ҷумла ҷуйборҳои обгузар, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва чароғонкунӣ пурра амалӣ карда шаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни сохтмони ҳавзи шиноварӣ барои муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хучанд боздид намуд. Тавре, ки маълум гардид, қисми бештари корҳои сохтмонии иншоот ба анҷом расида, корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. Шаҳрдор дастур дод, ки инфрасохтори иншоот тавсеъа гардида, барои мукаммал намудани он тадбирҳо муҳим шавад.

Раиси шаҳр ҳамзамон дар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд аз раванди азнавсозии кӯдакистони №3 ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар замони Иттифоқи Шӯравӣ кӯдакистони №3 ба ҳолати садамавӣ афтода буд. Аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз бинои наву замонавии кӯдакистон бо харҷи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ сохта шуда истодааст.

Бинои нави кӯдакистони мазкур аз се ошёна иборат буда, таҳхона низ дорад. Он барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, ҳудуди кӯдакистон боз ҳам васеъ мегардад. Фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, бо сарфи наздик 5 миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд карда мешавад. Боғчаи мазкур бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ сохта ба анҷом расонида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд