(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОмӯзгорону хонандагони мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Хуҷанд аз Осорхонаи Ҳунарманди мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дидан намуда, бо худи нобиғаи санъати тоҷик мулоқот карданд.

Кормандони осорхона дар бораи ҳар як ашё ва экспонатҳои мавҷуда ба онҳо маълумот доданд. Омӯзгорони мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Боймуҳаммад Ниёзов таъкид доштанд, ки тамошои осорхона агар аз як ҷиҳат барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврас аз ҳаёти ин сарояндаи нотакрори миллат ва таърихи санъати мусиқии тоҷик мусоидат намояд, аз ҷониби дигар тамошои он завқи хонандагонро ба санъати асил бедор карда, ҳисси зебоипарастиро дар дили насли наврас ҷой медиҳад.

Баъд аз тамошои осорхона вохӯрии хонандагон ба овозхони саршиноси миллати тоҷик Ҷӯрабек Муродов баргузор гардид. Хонандагон бо гулу гулдаста устодро табрик намуда аз эҷодиёти нотакрори ӯ суруд хонданд

Дар ин вохӯрӣ хонандагон беш аз 10 суруди устодро бо маҳорати баланд иҷро карда, хотири ҳозиринро болида намуданд.

Ҷӯрабек Муродов ба ҳунари хонандагон баҳои баланд дода, ҳамчунин қайд кард, ки барои сарояндаи хуб шудан шабу рӯз меҳнат карда, эҷодиёти бузургон ва нозукиҳои санъатро омӯхтан лозим аст. Дар ин вақт онҳо метавонанд ҳамчун санъаткори асил ба воя расида ба халқу ватан ва рушди санътаи миллӣ хидмат карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоянд.

Дар охири маҳфил устод Ҷӯрабек Муродов сабти сурудҳои худро ба устодону хонандагони мактаби мазкур тақдим кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар осорхонаи Ҳунарманди мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов беш аз 3 ҳазор 200 нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст. Осорхона соли 2015-ум бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун осорхонаи давлатӣ таъсис ёфта, дар кишвар ягон мебошад. Ҳар як ашё ва нигораҳои гузошташуда таърихе аз саҳифаи ҳунарманди саршиноси кишвар Ҷӯрабек Муродов мебошад, ки фаъолияти беш аз 50 солаи ин овозхони маъруфро дар роҳи санъат инъикос мекунад. Ба гуфти масъулин ашё ва экспанатҳое , ки дар ин ба намоиш гузошта шудаанд, қисмате аз дастоварҳои Ҷӯрабек Муродов мебошад, зеро бо сабаби набудани ҷой бархе аз онҳо дар хонаи ҳунарманд нигоҳдорӣ мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд