(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Анҷоми ду марҳилаи лоиҳа ва оғози марҳилаи навДар пойгоҳи обкашии №2 шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти ду марҳилаи Лоиҳаи «Беҳтаргардони вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кормандони идораи «Хуҷандобуканал» ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаи номбурда баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш нахуст аз парки техникии лоиҳа ва корҳои иҷрошуда дар пойгоҳи обкашии мазкур дидан карда, изҳори қаноатмандӣ карданд, ки татбқи лоиҳаи мазкур воқеан ҳам ба беҳдошти вазъи бо обтаъминкунии сокинони шаҳри Хуҷанд мусоидат кард

Дар қисмати расмии чорабинӣ, ки онро бо сухани муқаддимавӣ директори кулли Корхонаи Воҳиди Давлатии  «Хуҷандобуканал» Муқим Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдомҳои сарвари давлат Ҷаноби Олӣ,  Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ёдовар шуда,  аз рафти татбиқи лоиҳа, корҳои иҷрошуда нисбати беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ дар Хуҷанд, ба роҳбари  намояндагии Бонки рушди Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс барои дастгирӣ арзи сипос кард.

Анҷоми ду марҳилаи лоиҳа ва оғози марҳилаи навБаъдан ҷаноби Ричард Ҷонс ба сухан баромада гуфт, ки аз татбиқи лоиҳа қаноатманду хурсанд аз он аст, ки ба шарофати ин кори хайр вазъи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии шаҳр хеле беҳтар шудааст. Агар то оғози татбиқи лоиҳа ба шаҳриён, хусусан бошандагони биноҳои баландошёна дар як шабонарӯз то 3-4 соат об дода шавад, имрӯз сокинон тамоми шабонарӯз обро истифода мекунанд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳи татбиқгарони лоиҳа тӯҳфахои хотиравӣ  ҷомаи миллӣ пӯшонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи аввал 4929,0 ҳазор доллар ва марҳилаи дуюм аз тарафи Бонки Аврпуоии Таҷдид ва Рушд 6 миллиону 345 ҳазор Евро маблағ ҷудо карда шуд. То имрӯз ба идораи мазкур 27 адад нақлиёти махсус  харидорӣ карда шудааст.

Лоиҳаи марҳилаи 3-юми Барнома иборат аз корҳои таъмир ва таҷдиди иншоотҳои партовтозакунии шаҳр ба маблағи 2 995000 доллар, таъмири иншооти партовбардории асосӣ ба маблағи 700 000, ивази қубурҳои фарсудаи партовоби шаҳр ба маблағи 1890000 доллар ва корҳои дигар иборат хоҳад буд.

Дар интиҳои чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд чанд дарахти ҳамешасабз  шинонданд.