(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altФарорасии Наврўзи Аҷамро, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари олам таҷлил мегардад, ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд самимона табрик гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Наврўзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Фазилати Наврўз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврўзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сўи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Наврўз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврўзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.

Шоистаи зикр аст, ки Наврўз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрўз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфта, имрўз истиқлолият ва Наврўз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.

Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона - дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

Миллати тоҷик дар зарфи ҳазорсолаҳо ин ҷашни меросии худро баробари забони модарӣ ҳифз кардааст. Ин аст, ки бо таваҷчўҳ ба вижагии ойину суннатҳои наврўзӣ ҳамеша мардумро ба ҳифзи арзишҳои он даъват мекунанд.

Наврўз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон ва маҳалли зист мусоидат менамояд.

Наврўз дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накўкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Имрўзҳо, маҳз бо саъю кўшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мардуми шарифу шарафманди вилоятамон корҳои ободию созандагиро идома медиҳанд ва барои тозакории кўчаву хиёбон, хонаву кошона ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ саҳмгузорӣ менамоянд, то Наврўзи оламафрўзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва худогоҳию хештаншиносӣ таҷлил намоянд.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек ҳамагонро бо қадами мубораки Наврўзи Аҷам сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рўзгори ободу осуда орзумандам.

Бигзор Наврўзи ҳуҷастапай имсол низ бароямон шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ оварад!

Наврўзи ҳуҷастапай муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд