(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ дар қисми низомӣБо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонони шаҳри Хуҷанд, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таҳкими ҳисси ватандустӣ ва ватанпарастии ҷавонон ва дар асоси Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода  аз 6 феврали соли 2014 №61 «Дар бораи таҷлили 21-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ якчоя бо шӯъбаи маориф ва Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони байналмилал, доир намуд.

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ дар қисми низомӣ

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни 33 даста аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои маркази вилоят аз рӯи тирҷойкунӣ ба тирдон, ҳаракатҳои сафӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомати  тирандозии тамғаи «Калашников» вазнбардорӣ, кашидани вазн, арғамчинкашӣ, ҳаво додани норинҷак ба масофа ва давидан ба масофаи 100 метр баргузор гардид.

Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи Гимназияи №4, ҷойи дуюмро бошад, дастаи Гимназияи №13 ва ҷойи сеюмро дастаи Мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби Иршод» ишғол намуданд.

Ба ғолибон аз ҷониби баргузоркунандагони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва Диплом супорида шуд.