(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаҳои Суғдиён ва Темурмалик бо пухтани сумалак ва оростани хони наврӯзӣаз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ ва сардори Маркази таъминоти амнияти бехатарии озуқавории шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Каримов номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал ироа намуд, ки «Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд. Воқеан, мо иҷрои суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму ойини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда дорад, бо самимият ҷашн мегирем. Расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, суннати густурдани суфра ё дастурхони идона аз боигарии табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад».

Таъкид гардид, ки дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд. Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд