(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси шаҳр аз дабистон ва кӯдакистони маҳаллаи «Темурмалик»Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо вазъи таълиму тарбияи ва сифати донишандӯзӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мактаби миёнаи № 30 ва кӯдакистони маҳаллаи «Темурмалик» дидан намуд.

Дар мактаби таҳсилоти умумии №30, 282 нафар хонандагон ба тарбия фаро гирифта шуда, дабистони мазкур 10 синфхона дорад. Раиси шаҳр бо хонандагони мактаби мазкур сӯҳбат намуда, онҳоро даъват намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон наврасон барои гирифтани донишу маърифати хубу замонавӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ин бояд ҳар наврас доири соҳибкасб гаштан низ кӯшиш намояд. Зеро корхонаҳои кишвар имрӯзҳо барои мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз доранд.

Боздиди Раиси шаҳр аз дабистон ва кӯдакистони маҳаллаи «Темурмалик»

Бо назардошти он, ки дабистони мазкур воситаҳои гармидиҳӣ дорад, Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, то лоиҳаи сохтмони буғхонаро барои бо гармӣ таъмин намудани таълимгоҳ омода намоянд. Ҳамзамон ба Идораи сохтмони асосӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони толори варзишӣ ва маҷлисгоҳро низ пешниҳод намоянд. Масъулини идораи маориф ва роҳбарияти мактаби мазкур вазифадор гаштанд, ки мавзеи атрофи мактабро аз иншоотҳои худсохту иловаги тоза намуда, барои корҳои ободонӣ ва гулкорӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Баъдан Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакистони ягонаи маҳаллаи мазкур омад, ки қаблан дар ихтиёри коргоҳи исттеҳсоли таҷҳизоти газӣ буд дидан кард.

Кӯдакистони мазкур аз соли 1995 инчониб аз фаъолият монда, айни замон ба мувозинаи Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд гузаронда шудааст.

Дар маҳаллаи Темурмалик, собиқ махаллаи 3-юм, 9 бинои истиқоматӣ буда, дар онхо зиёда аз 2 ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Давоми ин солҳо кӯдакони сокинони маҳалла ба муассисаҳои томактабии дуртар аз ҷойи зист ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд.

Ҳоло бошад ба таъмири капиталии боғча оғоз кардаанд. Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки то охири сол боғча аз таъмири хушсифат бароварда шавад.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани ин муассисаи томактабӣ наздик 200 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия ҷалб карда мешаванд. Барои аз таъмири куллӣ баровардани он зиёда аз 2 млн сомонӣ маблағ сарф мегардад.

Ҳангоми боздид сокинони маҳаллаи мазкур бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати самимию судманд анҷом доданд. Онҳо сипосмандии худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бобати таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилояту шаҳр аз вазъи иҷтимоӣ ва зисти онҳо, изҳор намуданд. Раиси шаҳри баҳри бартараф намудани чанд камбудие, ки дар рафти шиносоӣ бо вазъи ин маҳалли маркази вилоят ошкор шуд, барои ҳалли он ба масъулини идораи хоҷагию коммуналӣ супориши қатъӣ дод.