(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти чунин унвон дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд чорабинии тарбиявӣ барои хонандагони синфи 9 «в» бо роҳбарии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Мавлуда Ҷабборова гузаронида шуд.

Дарс бо муждаи баҳорӣ «Бойчечак» оғоз гардид.

Барандагони маҳфил дар суханрониҳояшон доир ба нақшу мақоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаҳонӣ гардонидани мақоми Наврӯз маълумот дода, аз ҷумла афзуданд, ки бо баробари қабул шудани ин пешниҳод минбаъд бо шаҳомати хоса таҷлил гардидани Иди Наврӯз, ҷашни миллии мо шароити мусоид фароҳам овард. Ҳар сол дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор ин иди байналмилалӣ ба таври расмӣ пуртантана ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин иди бошукўҳ ташкил шудани чорабиниҳои рангини идона аз анъанаҳои бостонӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон аз фарҳанги бойи моддию маънавии аҷдодӣ дарак медиҳад.

Сипас Баҳор дар даст сабза вориди саҳна шуд. Деҳқон низ бо қувваи нав, бовиқор каланд дар китф ба кишту кор оғоз намуд.

Хонандагон таҳти мусиқии садои доира ба саҳна баромада дар васфи Наврӯз, Баҳор Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд. Рақсу сурудҳои дилнишин чорабиниро боз ҳам пуршукуҳ намуд.

Дастархони наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуда буд. Дар бораи ҳафт сину ҳафт шин хонандагон маълумот доданд. Намоиши либосҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Соати тарбиявиро директори муассисаи таълимии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Зулфия Ашӯрова натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд