(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Шоира Бузурукова баргузор гардид.

Ҷамшед Абдуқаюмзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Шоира Бузурукова зимни баромади худ ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода “Дар бораи эълон гардидани 1300 рўзи ободонию созандагӣ” давоми соли 2018 дар самти суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ устуворӣ ва тақвият бахшида шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фарогирии 341 банд,аз ҷумла сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи чорабинии мазкур бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст ва то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд. Шоира Бузурукова гуфт, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Хуҷанд то имрўз дар доираи тарҳҳои пешби-нишуда, аллакай 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бомуваффақона иҷро шуд. Ва дар ин самт як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо имкон дод, ки дар шаҳри Хуҷанд наздик 900 ҷойи нави кори доимӣ таъсис дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар 61 банди нақшаи чорабиниҳои тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, саноатию хизматрасонӣ ва маъмурӣ идома дорад.

Дар анҷоми мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Шоира Бузурукова доир ба мавзуъҳои гуногун саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд