(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии экстремизму терроризм дар байни ноболиғону ҷавонон бо иштироки масъулини дахлдор мулоқот баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки тадбири мазкур тибқи нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, ба вохӯрии имрўза оид ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, хонандагону омўзгорони муассиса мубодилаи афкор сурат мегирад.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мутаасифона имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.

Сипас, дар ҷараёни мулоқот прокурори калони шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд мушовири адлияи дараҷаи 2 Донохон Ҷӯраева, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Беҳрўз Қурбонзода ва дигарон баромад намуданд.

Зикр гардид, ки экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар мерасад. Боиси тазаккур аст, ки имрўзҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, оид ба масъалаи мазкур корҳои босамар амалӣ гашта, тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як ҷинояти содир намуда, аз пайи худ инчунин як қатор оқибатҳои вазнини худро низ дорад. Ба ғайр аз резонидани обрўи падару модар ва хешовандони худ, доғе, ки баъди содир намудани ҷиноят пайдо мегардад, дар таърихи умри ў то охир боқӣ мемонад. Давлату ҳукумат баҳри донишандўзии кўдакон ва ҷавонон тамоми шароитҳоро дар мактабу омўзишгоҳҳои касбӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои олӣ муҳайё кардааст. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имрўз ҳамаи китобҳои дарсӣ барои хонандагон муҳайё буда, компютеру интернет қариб дар аксарияти муассисаҳо дастрас мебошад. Мулоқот бо суолу ҷавоб ва таклифу пешниҳодоти судманд ҳусни анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд