(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани 1300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд.

Идораву ташкилот, корхонаву муассиса ва сокинони шаҳр бо дарки баланди созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва шукуфоии рӯзгорашон ҳар ҳафта ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида дар ободу дурахшоннамоии шаҳри бостони Хуҷанд саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Дар кӯчаи Мақсудҷон Танбӯрии шаҳри Хуҷанд азнавсозии роҳ ҷараёни тоза гирифта, девораҳои қадди роҳ аз нав бунёд гардида, барои хуррамгардонии ду қадди роҳ тадбирҳои сабзкорӣ андешида шуда истодаанд. Ва замина барои таҷдиду азнавсозии кӯчаи мазкур гузошта шуда истодааст. Аҳли заҳмати маркази саломатии №1-и шаҳр низ бо ҳашари дастҷамъона ба ин амали хайр ҳиссагузорӣ карданд.

Бошандагони маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд бо истифода аз рӯзҳои нишотбахши офтобӣ ва зиндашавии табиат даромадгоҳи кӯчаҳои худ ва назди ҳавлии хешро бо тадбирҳои ободонӣ сабзкорӣ хуррам намуда, партовҳоро бартараф намуда истодаанд. Сокинони маҳал изҳор медоранд, ки ин сунннати хуррамгардонӣ амали некӯ ва хайрафшон, ки ба мо аз гузаштагони хуррамниҳод ва ободкор, падарону бобоҳои заҳматдӯсту зебопарастамон мерос мондааст. Ва бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагӣ дар хуррамгардонии диёри хеш саҳмгузорӣ менамоянд.

Воқеан ҳам таҷдиду азнавсозии истгоҳҳои нави шаҳри Хуҷанд, чароғоннамоии кӯчаҳо ба ҳусни шаҳр нури дигар зам намудааст.

Сокинони маҳаллаҳои Чорчароғ ва Себзор аз он хушнудӣ намуданд, ки дар 20 солаи охир бори аввал кӯчаи онҳо чароғон мешавад.

Аҳли заҳмати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иқдомҳои наҷиб ва ободкоронаи хеш пайваста талош меварзанд, ки дар ободонии шаҳр аз пешсафони идораву ташкилотҳо қарор гиранд. Ва изҳор медоранд, ки ин шуғл ва иқдоми хуҷаста, на фақат рӯзгору кори онҳоро сабзу хуррам ва шукуфо мегардонад, балки ба файзу баракат ва фаровонии зиндагиашон мусоидат намуда, ба ҳастияшон тароват мебахшад, вуҷудашонро муаттар месозад.

Воқеан ҳам ин ҳама ташаббускорӣ саҳми назарраси сокинонро дар ободонӣ, хуррамгардонӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳри бостонии Хуҷандро ифода намуда, аз дигар шаҳрвандон тақозо мегардад, ки дар тозаву муаттар нигоҳ доштани хонаву маконҳои хеш иқдомҳои тоза ба даст гиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд