(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶомеаи меҳнатии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри беҳбуд бахшидан ба корҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ, бартараф кардани партовҳо ва беҳдошти муҳити зист дар ҳудуди шаҳр тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Субҳи имрӯз бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ ва пешгирӣ аз беиҷозат партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, гўронидани партовҳо дар муҳити атроф, расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва ғайраҳо дар гӯшаву канорҳои муайяни шаҳр аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд лавҳаҳои огоҳкунандаи «Партофтани партов манъ аст» насб карда шуд.

Воқеан ҳам партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, ба муҳити атроф расонидани таъсири зарарноки табиӣ, гўронидани партовҳо дар муҳити атроф ба саломатии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки тибқи талаботи қонунгузории кишвар шаҳрвандоне, ки ба чунин амал даст мезананд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гўронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст. Ин иқдоми кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аз тадбирҳои муҳими ҳифзи муҳити зист буда, аз василаи кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда, ки дар шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани дараҷаи ифлосшавии муҳити зист мегарданд, арзёбӣ мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд беш аз 30 адад чунин лавҳаҳои огоҳкунанда дар гӯшаву канори шаҳр насб карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд