(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ба муносибати 30-умин солгарди Рӯзи хуруҷи нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилалӣ воқеъ дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки санаи 15-уми феврали соли 1989, охирон сарбози собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк кард. Дар ҷанги 10-солае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур дошт, зиёда аз 15 000 сарбозонашро аз даст дод. Ва ҳамасола Рӯзи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ба ҷашни касбии собиқадорони интернатсионалист мубаддал ва рӯзи шаҳидони дар ин ҷанг ҳалокгардида қайд гирифта мешавад.

Ба ин муносибат аз тарафи Шӯрои собиқадорони интернатсионалист дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ хонандагон силсилаи мулоқотҳо бо собиқадорони интернатсионалист баргузор шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд