(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» , ки дар майдони истеҳсолотии он боз як корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд мешавад, боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон сохта шуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба роҳ монда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин корхона ташкили корхонаро тақозои замони имрӯза арзёбӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зиёда аз 300 сохта ба истифода дода мешавад ва табиист, ки эҳтиёҷ ба трасформаторҳо меафзояд. Бунёди чунин корхонаи молистеҳсолкунандаи воридотивазкунанда ба манфиати умум аст. Таъкид гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти корхонаро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ободу хуррам намудани корхона аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои насби таҷҳизоти воридшаванда сайъи бештар кунад. Бояд қайд намуд, ки «Хуҷандторгмаш» аз корхонаҳои бузургтарини шаҳри Хуҷанд маҳсуб ёфта, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла чанд навъи таҷҳизоти барқӣ барои ошхона ва таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳ онда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардида буд.Дар форум намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.Дар анҷоми форум 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.Соли 2018 зиёда аз панҷ маротиба доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштарак гузаронида, дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкориро ба маблағи 845 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои металлургия, энергетика, нафту газ, сохтмонӣ, сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расониданд. Ҳадафи баргузории ҳамоишҳои муштараки соҳибкорони ду ҷониб мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили коргоҳҳои муштарак, инчунин тақвият бахшидани савдои берунаи ҷонибҳо ба ҳисоб меравад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд