(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қушунҳои Иттифоқи Шўравӣ аз Афғонистон вохўрии ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо собиқадорон ва ҷанговарони интернатсиолистӣ баргузор гардид.

Дар оғози расмии вохўрӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ансамблҳои нафасии қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комендатураи ҳарбии вилояти Суғд бо навохтани мусиқии зинда меҳмононро қабул намуданд. Дар дохили Осорхона филми ҳуҷҷатӣ доир ба воқеаҳои ҷанги Афғонистон дар монитор намоиш дода шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитиҳӣ омири кулли муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии ''Қалъаи Хуҷанд'' Иброҳим Иброҳимов оғоз намуд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада ҳозиринро бо Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қушунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон шодбош намуд.

Сипас номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватаи ДДХ, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷанговари интернатсионалист Шавкат Шарипов дар мавзўи “Фоҷеа ва шуҷоати ҷанги Афғон”(солҳои 1979-1989) маърузаи илмӣ намуд.

Сипас генерал-майор cобиқадори қўшунҳои сарҳадӣ, ҷанговари интернотсиалистӣ А. Ҳомидов дар мавзўи ‘’Ёде аз корнамоиҳои ҳамяроқон’’, сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, полковники милиса У. Абдулатипов дар мавзўи “Хизмати ҷанговарони байналмилалии вилояти Суғд дар хоки Афғонистон” баромадҳо намуданд. Ҳамчунин Раиси Шўрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарни интернатсионалисти вилояти Суғд Комил Содиқов, корманди Осорхона таърихии вилояти Суғд Волида Қодирова доир ба мавзўи «Артиши миллӣ – кафолати осоиш ва амнияти мардум ”суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби ҷавонон ва хонандагони Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд доири мавзўъи Сулҳ, Дустӣ, Ватан, Модар ва шуҷоату қаҳрамони шеъру сурудҳо пешкашӣ ҳозирин карда шуд.

Баъди интиҳои қисми аввали вохўрӣ расми кушодашавии намоиш бахшида ба 30- солагии баровардани қушунҳои Иттиҳоди шўравӣ аз хоки Афғонистон (1979-1989) таҳти унвони “Диловарони майдони набард ” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд А. Варламов, омири кули муассисаи давлатии мачмааи фарҳангию таърихии '' Қалъаи Хуҷанд Иброҳимов И.С. ва меҳмонон доир гардид. Дар намоиш аксҳои иштирокдорони он набардҳои мудҳиш ва китобу ҳуҷҷатҳои онҳо ба маръази тамошо гузошта шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ хонандагони литсейҳои касби техникӣ ва ҷавонони синну соли тодаъватӣ ҷалб гардиданд, ки мақсади баргузории баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, хештаншиносию худогоҳии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба хизмат Ватан-модар дар ин замина зиёд намудани сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд