(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Давоми соли 2013-ум дар шахри Хуҷанд 17 маротиба қонунвайронкуниҳо ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ошкор карда шудааст. Барои минбаъд кам гаштани чунин ҳолатҳо ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ корманди масъули Раёсати агентии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Дилшод Зарипов ва мудири Бахши танзими ҷашну маросим ва кор бо дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо сокинони махаллаи «Раззоқ» вохурӣ доир намуданд.

Мудири Бахш Муъминҷон Орипов аз зиёдшавии конунвайронкуниҳои дар соли 2013-ум доир ба гузаронидани тую маросимҳо изҳори нигаронӣ намуда, кайд кард, ки вақти гузаронидани тую маросимҳо беэътиноии шаҳрвандон дар ду соли охир бештар ба назар мерасад. Соли 2013 дар Хуҷанд наздик 5500 тую маъракахо гузаронида шудааст, ҳамзамон 17 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд мебошад.

Аз рӯи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маъракаи домодталбон бояд бо иштироки 15 нафар аъзоёни оила таҷлил гардад, аммо муттаассифона имрӯз зери унвони хутнасур ҷашн гирифтани маъракаҳои домодталабону, зодруз дар тарабхонаҳо ба теъдоди зиёди одамон ба назар мерасад, кайд намуд Муъминҷон Орипов.

Бино ба иттилои корманди масъули Раёсати агентии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Дилшод Зарипов ҷой доштани сатҳи баланди порадиҳӣ шурӯъ аз кӯдакистон то донишгоҳҳои олӣ инчунин хизмати ҳарбиву соҳиб шудан бо ҷойи кор аз тарафи шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ин ҳама аз паст будани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад. Ҳатто чунон фасод дар ҷомеа зиёд гардидааст, ки надодани пораро мардум ба худ ор медонанд, зикр кард номбурда.