(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

altДар театри Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» баргузор гардид. Нахуст Маъруф Муҳаммадзода аз намоиши аҳли ҳунари шаҳр ошно гардид. Ҳамзамон ба Раиси шаҳр намунаи дурдонаҳои санъати миллии тоҷик ва анъанаҳои миллӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳр муаррифӣ карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа нақши муҳим бозида, аз рўзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳиму афзалиятнок, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, эҳёи осори фарҳанги ниёгон, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими санъати миллӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд эътибори ҷиддӣ дода шуданд. Ҳанўз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Дар ҳамин росто рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятноки давлатдории тоҷикон қарор дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мўй, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мўйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесўи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи баргузории Фестивал-озмуни «Чакомаи гесў» имрўз дар ин толори пуршукўҳ Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» баргузор гардида истодааст. Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла кошонаи ҳусн барои занону духтарон ва ба касбомўзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон парваришу ороиши мўй ҳар тарзу ҳарранг буда, он расму ойини ҳамон маҳалро таҷассум намуда, дар маросиму ҷашнҳо бо ҳунари волои сарояндагию раққосӣ ва таронаву бадеҳахонӣ манзури мардум мегарданд. Гесў намунаи зебоӣ ва аломати муҳими занон ба ҳисоб рафта, ҳанўз дар даврони куҳан ин моҳиятро эҳсос карда буданд, ки дар ороиш ва дилрабоияш бо тахайюлоти рангин муносибат мекарданд. Барои занон гесўи дароз чун рамзи покиву назокат ва ҳусну малоҳат, умри бобаракат шинохта шуда, оростану перостани мўй таърихи қадима дорад ва тибқи мантиқи таърихӣ машшотаҳо низ худи занон буданд.

Таъкид гардид, ки баргузории Фестивал-озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» имконият медиҳад, ки паҳлўҳои парваришу ороиши мўй, ҳунари волои машшотагӣ дар ин ё он маҳал, санъати асили шонаторошию навъҳои гуногуни мўйбофию ҷамолакбандӣ ва зулфандозӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари ороишгарони беҳтарин, машшотаву ҳунармандон, ҳамчунин мўйдарозон қадр карда шавад. Дар анҷоми суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки мақсади асосии баргузории Фестивал тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мўй, ҳунари волои машшотаҳо ва бадин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии арўсбарон, мўйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесўи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ мебошад.

Сипас, 120 нафар довталабони Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» аз рӯйи номиннатсияҳои: “Беҳтарин ороиши мӯйбофии миллӣ”, “Беҳтарин ороиши замонавии мӯйи бонувон”, “Гесӯи дарозтарин”, “Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин”, “Беҳтарин ороиши мӯйи кӯдакона”, “Беҳтарин рассом” ва “Беҳтарин ороиши бадеии мӯй” бо ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот Шоҳсанам Юлдошева, донишҷӯйи коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар номиннатсияи “Гесӯи дарозтарин” бо дарози гесӯи 1 метру 45 сантиметр ғолибият ба даст оварда, ҳамзамон соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» гардид. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ ва барои иштирокчиён тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд