(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар қисми ҳарбии 03777 рўзи дарҳои кушод бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур 350 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ иштирок намуда, аз шароити хизмат дар қисми ҳарбии номбурда, силоҳи ҷангӣ, ҳаммом, ошхона, майдони варзишӣ ва монади инҳо дидан намуда, аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозони қисми низомӣ огаҳӣ пайдо намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 26-умин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон вохўриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.

Дар ин замина вохўриву мулоқотҳо ва ҷамъомадҳои идона дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5,№14 ва №21 баргузор гардиданд. Дар ин вохўриву мулоқотҳо собиқадорони ҷангу меҳнат, шўрои иттифоқи интернатсиолистӣ намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва наздик 200 нафар ҷавонону хонандагон иштирок намуда, доир ба мавзўъҳои беҳдошти тарбияи ватандўсти ва тарбияи ахлоқии ҷавонон баромадҳо намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод, ки он то имрўз хеле таҳкиму тақвият ёфтааст. Таърихи 26 солаи Қувваҳои Мусаллаҳро назар карда, дар ҳар амал ва падидаҳои нек ғамхорию таваҷҷўҳи ҳамарўзаи роҳбарияти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби тақвияти артиш ва таъминоти моддию техникии он эҳсос мекунем. Боиси ифтихор аст, ки имрўзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар ҷавонони ҷисман обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ифтихори милли дошта, сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки бо нерўи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи хешро гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намуданд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омўхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дўст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомўзанд. Тарбияи ватандўстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад.

Ҳамчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон лавҳаи хотиравии ҷанговари интернатсиолистӣ С.Усаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва лавҳаи хотиравии ҷанговари интернатсиолистӣ Р.Сатторов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 азнавсозӣ карда шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина зиёд намудани сафи ҷавонони ихтиёрӣ мебошад. Рўзи дарҳои кушод бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон баргузор карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд