(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хобгоҳи нав барои афсарони сарҳадбонДар маҳаллаи 26-уми шаҳри Хуҷанд хобгоҳи афсарон-сарҳадбонон сохта хоҳад шуд. Бо мақсади оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва шиносоии бо лоиҳаи он, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  имрӯз ба маҳалли бунёди он ташриф овард.

Қабл аз ҳама Раҷаббой Каримов бо афсарону сарбозони қисми низомӣ суҳбат намуда, таъкид намуд, ки бунёди ин иншоот маҳз бо ҳидояти сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар бо мақсади таъмини шароити хуб ва ҳамаҷониба барои хизматчиёни ҳарбию қисмҳои низомӣ сурат мегирад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ ташаббуси бунёди ин хобгоҳро дастгирӣ намуда, барои сари вақт ва бо сифат анҷомёбии хобгоҳ мусоидат хоҳанд кард,-илова намуд Раиси шаҳр.

Ҳангоми муаррифӣ намудани Раҷаббой Каримов бо лоиҳаи ин бино, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев зикр намуд, ки хобгоҳ барои 200 нафар хизматчиёни қисми низомии сарҳадбонон пешбинӣ шуда, он дорои ошхона ҳуҷраи фароғати бошандагон ва ҳаммом мебошад. Раҷаббой Каримов бобати бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, таъмини бино бо системаи алоҳидаи гармидиҳӣ тариқи ангиштсанг, супориш дода, аз сарварони қисмҳои низомӣ даъват намуд, ки барои ободонии атрофи ин бино бо сохтмончиён ҳамкорӣ намоянд.

Хобгоҳи мазкур тӯли як сол сохта шуда, бунёди онро Идораи сохтмони асосии шаҳр ба зимма дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳамроҳии сарварони қисми низомӣ хишти аввал ва нома ба наслҳои ояндаро дар лаҳзаи мутантан ба пойдевори иншооти нав гузоштанд.