(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи татбиқи забони давлатӣ бо иштироки аъзои комиссия, сармуҳаррирони телевизионҳои маҳаллӣ, роҳбарони ширкатҳои рекламавӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд. Сипас, Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти Комиссияи мазкур дар соли 2018 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ буда, ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад.

Бояд қайд кард, ки ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад. Бо вуҷуди аз тарафи давлату Ҳукумат ба роҳ мондани тадбирҳои зарурӣ, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, имрўз таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки аз ҷониби ширкатҳои радиову телевизионҳои маҳаллӣ ва оҷонсиҳои рекламавӣ истифодаи меъёрҳои забони давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла аз телевизионҳои маҳаллӣ пахш гардидани рекламаҳои ғайримантиқӣ ва лаҳҷавӣ ба монанди: «Попкорни соро-худат харида хур уко», «Нонпораҳои хушкхурак» ва ё «Табобати чинӣ» ва ғайраҳо аз меъёру фарҳанги тоҷикӣ дур буда, ба талаботи эстетикии забони тоҷикӣ мувофиқат намекунад. Илова бар ин, дар эълону рекламаҳои сатри равон маводҳои талбиғотӣ асосан забони русӣ истифода шуда, ҳангоми истифодаи забони тоҷикӣ дар аксар маврид ба хатоҳои имлоӣ роҳ дода мешавад. Масалан ҳарфҳои қ ба к, ҳ ба х, ҷ ба ч, ў ба у, ғ ба г ва монанди инҳо мебошанд, ки дар ин маврид калима нодуруст талаффуз мегардад.

Ва ё барномаҳои мустақими радиоӣ ва телевизионии бо шунавандагону тамошобинон, ки дар аксар маврид меъёрҳои забони давлатӣ риоя нашуда, ровиёни барномаҳо забони тоҷикиро бо забони ғайритоҷикӣ, аз он ҷумла русӣ омехта мегардонанд. Усмонҷон Юсуфӣ гуфт, ки масъалаи фаъолияти Оҷонсиҳои рекламавӣ низ беҳбудиро мехоҳад. Чанд маротиба ҳангоми ҷаласаҳои комиссия ва машаварат бо роҳбарони оҷонсиҳо,таъкид шуда буд, ки ҳангоми таҳияи маводҳои рекламавӣ ва таблиғотӣ, сараввал бо Комиссияи татбиқи забони давлатии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқа намоянд. Вале, то ҳол аз ҷониби Оҷонсиҳои рекламавӣ чунин меъёр риоя нашуда истода, сабаби бо хатоҳои имлоӣ ва бо забонҳои ғайритоҷикӣ чоп ва насб шудани рекламаву навиштаҷотҳо дар ҳудуди шаҳр шуда истодааст.

Дар охир таъкид шуд, ки Бояд хотиррасон намоям, ки мутобиқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарӣ пешбинӣ гардида, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Сипас, адиб ва рӯзноманигор Дадохони Эгамзод, дотсент Нуралӣ Нурзод, рӯзноманигор Илҳом Ҳошимов доир ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта фикру андешаҳои хешро баён доштанд. Таъкид гардид, ки ширкатҳои радиову телевизионҳо ва Оҷонсиҳои рекламавӣ барои бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, дар самти риоя, ҳифз ва баланд бардоштани мақому манзалати забони давлатӣ корбариро ҷоннок намоянд. Зеро, радиову телевизион ва эълону реклама яке аз воситаҳои асосии иттилоотӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани дониш ва забондонии шаҳрвандон заминаи воқеӣ дорад. Ҳамзамон Оҷонсиҳои рекламавӣ вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳангоми гирифтани фармоиш оид ба ин ё он навиштаҷот матни онро ҳатман бо Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи забони давлатӣ мувофиқа намоянд, дар акси ҳол аз ҷониби гурўҳи корӣ лавҳаҳои насбгардида минбаъд беогоҳӣ бартараф карда шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб ваба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳои қонунӣ ирсол карда мешавад. Нозироти андози шаҳр муваззаф гардид, ки минбаъд бақайдгирии субъектҳои соҳибкориро, баъди аз ҷониби соҳибкорон бо Комиссияи татбиқи забон мувофиқа намудани лавҳа ва номгузориҳои объектҳояшон ба роҳ монад.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем». Воқеан ҳам забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирўзу имрўзу фардо мебошад. Забони тоҷикӣ, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазор-солаҳо сарчашма мегирад ва бо осори Рўдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар роҳпаймоёни адабиётамон шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд