(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Поси хотири шаҳидони ҷанги АфғонистонҲамасола санаҳои 14-15 феврал ба хотири баровардани Қӯшунҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки давлати Афғонистон рӯзҳои поси хотири шаҳидони ин ҷанг баргузор мегардад.

Имрӯз низ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд афсарону сарбозони қисми низомӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, ҷавонон ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, ба хотири гиромидошти қурбониёни ин ҷанг ҷамъ омада буданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва муовини Раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова ба Боғи Ғалабаи маркази вилоят ташриф оварда, бо ҳамроҳии иштирокдорони ин ҳамоиш, бо гузоштани гулчанбар ба пояи ёдгории шаҳидони ин ҷанг хотираи неки ин фарзандони диёрро пос доштанд.

Поси хотири шаҳидони ҷанги АфғонистонСафарбаркунии қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон 25-уми декабри соли 1979 оғоз ёфта, фарзандони мардуми Тоҷикистон низ дар ҳайати афсарони шӯравӣ таи 10 сол дар майдони ҷанг ҷонбозиҳо намуданд. Танҳо санаи 15-уми феврали соли 1989 афсарони шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд. Тӯли ин солҳо 87 нафар модарони вилоят аз фарзандашон ҷудо гашта, 115 нафар ҷавонписарон маъюб баргаштанд.

Дар тӯли ин набард дар кишвари Афғонистон аз вилояти Суғд зиёда аз се ҳазор нафар сафарбар шуда буданд.

Поси хотири шаҳидони ҷанги Афғонистон