(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо намояндаи Бонки АврупоРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов намояндаи масъули Бонки таҷдид ва рушди аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Файзиевро ба ҳузур пазируфт. Намояндаи Бонки Аврупо ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати дастгирии лоиҳаи амалашавандаи ин ташкилоти бонуфуз дар шаҳри Хуҷанд сипосмандии роҳбарияти бонкро расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз марҳилаи дуюми амалишавии лоиҳаҳои бо об таъмин намудани маркази вилоят, ки барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии муассисаи партовкашонӣ мусоидат намуд, изҳори назар намуда хотирнишон намуд, ки роҳбарияти нави ҳар ду корхона муваззаф шудаанд, то амалишавии марҳилаи минбаъдаи лоиҳаи мазкурро дар сатҳи баланд таъмин намоянд.

Ҳоло лоиҳаи бо таъмин намудани маҳаллаи сеюми шаҳр аз мавзеи «Деҳмой», сохтмони корхонаи коркарди партов дар маҳаллаи саноатии шаҳр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардидааст, ки аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки ҳоло таъсиси идораи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ, ки дорои автобусҳои калонҳаҷм ва миёнаҳаҷм хоҳад буд ва бо чунин автобусҳо таъмин намудани хизматрасонии мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд аз марҳилаи мониторинг-таҳлил мегузарад.

Раҷаббой Каримов ҳамчунин илова намуд, ки айни замон ташкили корхонаи коркарди партов ва таъмини шаҳри Хуҷанд бо нақлиёти мусофиркашонӣ дар соли 2014 аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҷонибҳо мебошад.

Бахтиёр Файзиев дар мавриди дастгирии ҳамҷониба ва ҳамкории судманд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки оғози даҳаи сеюми моҳи равон маросими анҷомёбии марҳилаи дуюми лоиҳаи бо оби нушокӣ таъмин намудани сокинони шаҳр ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ ва оғози марҳилаи сеюм, баргузор мегардад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар ин маросим роҳбарияти тарафҳо ширкат хоҳанд кард.