(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҳузури фаъолзанон, устодону донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиш ҷиҳати тарщибу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- кафили рушди устовор» баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва руйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони муҳбуб ва идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Таввассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Сипас, муовини сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова дар мавзўи “Се ҳадафи асосии Паёми Пешвои миллат”, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умеда Ғаффорова дар мавзўи “Мавқеи зан дар ҷомеа ва инъикоси он дар Паём”, дотсенти кафедраи фанҳои ҷаъмиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон оиди «Масъалаи иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат» Муҳаббат Почоева, директори ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳунармандони вилояти Суѓд» Салима Каримова дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат- пайки зиндагии дурахшон», Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мавлуда Шарипова ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода ва дигарон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат андешаронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани мақому манзалат ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, сафи занони роҳбар дар хизмати давлатӣ афзоиш меёбад.

Вобаста ба самти занон Сарвари давлат дар Паёми хеш изҳор доштанд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Зан-модар ягона мавҷудоте, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ҳамзамон даъват ба амал оварданд, ки мо бонувону модарон дар риояи Қонунҳои миллиамон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошем, фарзандонро ба зиндагии мустақил тайёр карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.» Аз ин лиҳоз, эътимоди Сарвари давлат мо занону бонувонро водор месозад, ки баҳри татбиқи саривақтии дастури супоришҳои Пешвои маҳбуби миллат ҷаҳду талош намуда, баҳри бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кўшиш намоем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки моро ба фардои нек ва дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд