(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар соли 2018 дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 1136 маърака ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 1486 адад кам мебошад. Дар натиҷа хароҷоти маъракаҳо низ ба ҳисоби умумӣ 7,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8,4 млн. сомонӣ маблағ кам сарф гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр Комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва 210 адад Комиссияҳои ҷамъияти идораву ташкилотҳо баҳри риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, аз қонуншикании маъракаҳо чораҳои пешгирӣ меандешанд. Аз ҷумла, соли 2018 зимни санҷиш бо мақоти дахлдор 14 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 3 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд