(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кормандони идораҳои ободонӣ ва коммуналии Хуҷанд фаъолияти худро тақвият доданд.Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов фаъолияти сохторҳои ободонӣ, хоҷагии манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд, тақвият дода шуданд. Бо назардошти сардию барфрезии рузҳои охир дар шаҳри Хуҷанд воситаҳои техникӣ ҳамадам дар ҳолати корӣ қарор доранд. Имрӯз то соати 16.00, 160 нафар кормандони идораҳои мазкур роҳравҳо ва мавзеҳои серодами шаҳрро барои бехтарии пиёдагардон аз барфу ях тоза намуданд. Кормандон ҳамчунин бо 7 нақлиёти махсусгардонишуда 41 тонна маводи зидди лағжишро дар кӯчаҳои ба номи Гагарин ва Исмоили Сомонӣ пошиданд. Айни замон кормандони идораи ободонӣ канори роҳи нақлиётгарди яхбастаи ду қупруки асосии маркази вилоятро аз барфу ях тоза карда истодаанд.