(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ситоди шабонарӯзӣ шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад.Вобаста ба хунукшавии ҳаво ва яхбандии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ситоди шабонарӯзӣ амал менамояд.

Ҳамарӯза дар ихтиёри ситоди мазкур 8 адад воситаҳои техникии боркашонӣ, барфтозакунӣ, бо наздик 70 нафар кормандони Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо» ва КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» машғули коранд. Ҳаррӯз ду маротиба, субҳи барвақт ва бегоҳ дар сурати яхбандии роҳхои автомобилгард, барои пошидани маводи зидди лағжиш, тоза намудани барф кормандони корхонаҳои мазкур ба роҳҳои асосии шаҳри Хуҷанд мебароянд.

Назар ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи директории Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо» Салимҷон Юнусов барои сари вақт пошидани маводи зидди лағжиш ва аз барф тоза намудани роҳҳои маркази вилоят тамоми шароит мавҷуд буда,  маводи лозимаи зидди лағжиш  ба қадри кофӣ мерасад.

Таи се рӯзи охир  кормандони истифодабарии роҳҳо зиёда аз 150 тонна маводи лағзишро бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамавӣ ба роҳҳои асосии шаҳр пошиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони ташкилотҳои номбурда супориш дод,ки дар маҳалҳои шаҳр бо якҷоягии роҳбарони маҳаллаҳо чораҳои аз барф ва яхбандӣ тоза намудани роҳравҳои кучаю манзилҳои истиқоматро фавран андешанд.

Роҳбарони воҳидҳои сохтории ситоди зимистонгузаронӣ вазифадор гаштанд,ки назорати доимии шабонарӯзии ваъи шаҳрро ба роҳ монанд.