(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд аз 40 солагии эҷодиёту фаъолияти Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Матлубаи Мирзоюнус дар маҳфили адабие таҷлил карда шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки профессор Матлубаи Мирзоюнус муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ дар заминаи адабиётшиносӣ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва тарҷума, матншиносӣ ва сарчашмашиносӣ мебошад.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонданд.

altЗикр гардид, ки Матлубаи Мирзоюнус узви пайвастаи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимои Федератсияи Руссия, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин, Ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Шаҳриёр ва даҳҳо ифтихрномаю унвонҳост. Дар мактаби илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус беш аз 20 нафар муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дифоъ намудаанд.

Дар ҷараёни маҳфил ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, нависанда Равшани Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, шоир Озарахш, рузноманигор Сурайё Ҳакимова, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод ва дигарон баромад намуда, доир ба паҳлуҳои ҳаёт ва эҷодиёти профессор Матлубаи Мирзоюнус андешаҳои хешро баён доштанд.

Матлубаи Мирзоюнус дар анҷоми чорабинӣ аз иродат ва ихлоси шогирдону дӯстонаш барои ташкили чунин маҳфил изҳори сипос намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд