(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПагоҳ, санаи 12-уми декабри соли равон гуруҳи наворбардорон ва рузноманигорони телевизиони Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб вориди шаҳри Хуҷанд мешаванд. Ҳадафи ташрифи рӯзноманигорони ин шабака сабти навор оид ба таълим ва тарбияи экологӣ дар гимназияи хусусии ба номи Гёте ва муаррифии эшон дар даври ниҳоии озмуни экологӣ мебошад.

Аҳли эҷоди шабакаи телевизиони Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб бо аъзоёни маҳфили «Экологони ҷавон»-и гимназияи Гёте оид ба истифодаи энергеияи алтернативӣ суҳбат ороста, ҳамзамон бо омӯзгорон ва хонандагони иштирокчии лоиҳаи экологӣ мусоҳибаҳо анҷом медиҳад.

Дар доираи сафар наворбардорон ва аксбардорони кишвари араб дар аксияҳои экологӣ тахти унвони «Мо тарафдори ҳавои тоза»-и шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, онро сабт мекунанд. Бо иштирокчиёни аксия мусоҳиба галаграмма гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон ва муҳассилини фаъоли гимназияи хусусии ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд дар доираи як лоиҳа дар қатори 18 довталабони асосии даври ниҳоии озмуни байналмилалии экологӣ ҷой гирифтаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд