(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ дар дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.

Баҳри муқтадир намудани пойгоҳи техникии Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд ва беҳтар намудани сифати муоинаҳои санитарӣ ва ташхисҳои лабараторӣ, инчунин пешгирии таъсири омилҳои физикии муҳити зист ба саломатии инсон ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сироятёбӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ чанд қабл 4 намуди таҷҳизоти муҳими озмоишӣ ба маблағи наздик 20 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардид.

Аз ҷумла, стерилизатор барои безарар гардонии зарфҳо ҳангоми ташхисҳои бактерологӣ истифода бурда мешавад. Термостат барои афзоишкунонӣ ва муайян намудани микрбу бактерияҳои касалиовар дар намунаи барои ташхис дастрасшудаи хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулотҳои ширию гӯштӣ, консерваҳо, обшустаҳои аз беморхонаҳо гирифташуда, дисклиятор барои тоза намудани об аз микробҳо, оби дар ташхисҳои бактероологӣ барои гузаронидани таҳлилҳо, дазиметр таҷҳизоти партативӣ буда, барои муайян намудани олудашавӣ бо бета, гамма ва алфа нуклтейтҳо ҳангоми нурафканӣ ба вуҷудомада дар намунаҳои об, хок, хӯрока, маҳсулоти растанӣ истифода бурда шуда, инчунин ин таҷҳизот бехавфии радиатсионии ҷойи кор, ҷойи зиндагӣ ва иншооти гуногунро муайян менамояд.

Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки сифатнокии таҳлилҳои озмоишгоҳҳо таъмин гардида, баҳри сиҳатии омма ҳиссагузорӣ карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд