(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» бунёди Арчаи солинавӣ идома дошт ва инак дирӯз, яъне 10 уми декабри соли ҷорӣ арчаи солинавӣ ба андозаи 20 метр бо паҳноии 9 метр қомат афрохт, ки бори аввал дар бистсолаи охир чунин Арчаи Соли навӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд бо чунин шаҳомат зеб дода мешавад.

Нахустин маротиба дар замони Истиқлолият Арчаи Соли навии шаҳри Хуҷандро 40 000 чароғак дар 400 чароғноқили ороишдиҳанда бо зиёда аз 4000 бозичаҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳанд.

Чунин иқдом бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кӯшишҳои пайвастаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода амалӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, шуруъ аз 15-уми декабри соли ҷорӣ дар ин майдон аз тарафи мактаб ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд фестивал –озмуни барномаи солинавӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Баъдан коллеҷҳои санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ва омӯзгории шаҳри Хуҷанд, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДИСДДТТ, ДПДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва ДДҲБСТ дар фестивал-озмуни барномаи солинавӣ, ки дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд сурат мегирад баромад менамоянд.

Дар рӯзҳои номбурда, яъне баъди баргузории фестивал-озмун ҳамзамон муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг"-и ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд барномаҳои консертии солинавии хешро ба намоиш мегузоранд.

Роҳбарияти шаҳри Хучанд тасмим гирифтааст, ки баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон барномаи рангини солинавиро дар шоми 31.12.2018 пешкаши сокинон гардонад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд