(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда истодааст.

Дар толори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Марказ бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодӣ ва шириниҳо машғуланд баргузор гардид.

Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо баробарии фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз талаб карда мешавад, ки дар ин самт масъулияти ҷиддиро ба роҳ монанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад. Дар самти назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва инчунин назорат дар таъмини бехатарии маҳсулоти озуқа мунтазам намуда, ҳамарӯза ҳолат ва сифати маҳсулоти истеъмолиро дар мағозаву бозорҳо мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Дар нишаст роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд