(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи дирӯз бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Хуҷанд бо ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар қаламрави шаҳр аксия-амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 40 адад автомошинаҳои шаҳрвандон нигоҳ дошта, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуд.

Ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зараровари ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ гардида, ба қонуншиканон ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо дода, ба қисме аз онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки ба шаҳрвандон ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф таъмин гардад.

altҶоиз ба зикр аст, ки шаҳри Хуҷанд- маркази маъмурии вилояти Суғд, макони меҳру шафқат, шаҳри дил, шаҳри ошиқон, «Тирози ҷаҳон» бо иқдомҳои пайвастаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат зебову пуртароват гашта истодааст. Ҳар нафаре, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанад, беихтиёр аз зебоии муҳити атрофаш ҳаловат мебарад. Ҳар як сайёҳ ё меҳмони хориҷие, ки ба шаҳри Хуҷанд ва ё худ Хуршедшаҳр қадам ранҷа менамояд, сараввал ба тозагиву зебоии он ва муҳити экологии он баҳо медиҳад.

Аз ин рӯ, сокинонро зарур аст, ки дар тозагии ин шаҳри бостонӣ саҳми худро гузоранд. Гарчанде ки дар идораҳои марбута дар чор фасли сол ба тозагии шаҳр машғул ҳастанд, аммо фасли тирамоҳу зимистон аз ҳамагон масъулияти зиёдро барои тозагии шаҳр талаб менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд