(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд –маркази маъмурии вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад.

Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ давоми 8 соли охир  ба зиёда аз 6 ҳазор нафар оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Ва дар ин ҷойҳо асосан сохтмони манзил оғоз гардидааст.

Мутаасифона гурӯҳе аз шаҳрвандон дидаву дониста бар хилофи қонунгузории замин амал намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои расмиёти замин дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳр ғайриқонунӣ сохтмон намуда истодаанд.

Субҳи дирӯз тибқи супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки зимни боздид аз минтақаҳои шаҳри Хуҷанд ироа гардид, бо ҷалби гуруҳи кории иборат аз мақомоти назоратии замин ва шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ дар микроноҳияҳои 14, 15 ва 28-и шаҳри Хуҷанд аз сохтмони ғайриқонунии зиёда аз 20 хонаҳои шаҳрвандон ҷилавгирӣ карда шуд.

altМуайян карда шуд, ки аз тарафи шаҳрвандон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 17, 18, 26, 76, 771, 772, 775, 776-и Кодекси замини Чумхурии Точикистон, талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқц ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №342 аз санаи 01.09.2005 сол тасдиқ карда шудааст, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, худсарона якчакнд сохтмонҳои гуногун дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба сомон расонидаанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 104-и  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд.

Ҷойгир намудани ҳамагуна бинову иншоот танҳо дар асоси нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал, ки дар онҳо ҷойгиршавии бинову иншоот дарҷ гардидааст, бо риояи талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмон ба роҳ монда мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бархе шаҳрвандон ба нусхаи қарорҳои сохтаи гуруҳе аз фиребгарон бовар намуда, дар ин мавзеъ ғайриқонунӣ сохтмон намудаанд ва ё худсарона бо амри шифоии нафаре манзил бунёд намудаанд, ки бар хилофи қонунгузории замин аст.

Шаҳрвандон дидаву дониста ба суханҳои шифоии ашхоси тасодуфӣ бовар намуда, дар минтақаҳое, ки бояд кӯдакистон, мактаби миёна, шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳр ва дигар иншооти иҷтимоии шаҳр сохта мешавад, худсарона таҳкурсии хонаро бунёд намудаанд.

Шаҳрвандон бояд дарк кунанд ва донанд, ки мувофиқи талаботи моддаи  26-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон додан ва вобастакунии қитъаҳои замин ба уҳдаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳр вогузор гардидааст. Аз ин лиҳоз ба ваъдаҳои бардурӯғу дасисабозиҳои ашхоси фиребгар бовар накарда, танҳо дар асоси қонунҳои амалкунанда соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гарданд. Ва танҳо дар сурати ба даст овардани қарори аслии дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба сохтмон оғоз намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд