(3 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд дар доираи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як коргоҳи нави хушкишӯӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи коргоҳи мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи хушкишӯи бо ном “БЬЯНКА” буда, бренди машҳури Ҷумҳурии Мардумии Чин “Giexya” мебошад. Ин коргоҳ 10 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, маоши кормандон аз 500 то 1200 сомонӣ муқарар гардидааст. Кормандон да ду баст шабонарӯзи хизматрасонӣ менамоянд. Барои ба истифода додани коргоҳи хушкишӯӣ наздик 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.. Ҳоло чунин коргоҳи хушкишӯи, ки бренди машҳуртарин мебошад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Хуҷанд вуҷуд дорад.

altКоргоҳи хушкишӯии “БЬЯНКА” дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, ба сокинон ҷои коргоҳ қулай аст. Ҳоло дар коргоҳи хушкишӯи 12 адад таҷҳизоти наву замонавӣ, ки соли 2018 бо фармоиши соҳибкори инфиродӣ, роҳбари коргоҳ Муқаддас Қодирова дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шудааст насб гардидааст. Аз онҳо 6 адади таҷҳизот пурра барои хушкишӯи ва шустани пойафзолу либос мебошад. Иқтидори таҷҳизот калон буда дар як навбат шустани аз 16 то 20 кг либосро доро мебошад. Таҷҳизоти хушкишӯӣ бошад иқтидори 20 кг либосҳои гуногунро дорад. Инчунин барои тоза ва безарар (дизинфексия) кардани пойафзолҳои гуногун таҷҳизоти замонавӣ мавҷуд аст, ки ҳоло ин гуна таҷҳизот дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ба шумор меравад. Таҷҳизоти безараркунии пойафзол дар навбати худ дар як кораш метавонад якбора 20 ҷуфт пойафзолро ҳамагӣ дар 40 дақиқа тоза ва безарар кунад. Дар коргоҳи хушкишӯи дастгоҳи парагинератор ё худ дастгоҳи дарзмолкуни тариқи буғӣ мавчуд аст. Он ба ғайр аз вазифаи дарзмолкунӣ инчунин либосҳои васеъшуда ё намуди худро гумкардаро ба ҳолати навӣ пештара бар мегардонад. Яъне ба либос умри дубора мебахшад.

Ҷоизи тазаккур аст, ки маводҳо барои шустани либос низ аз худи ширкати ”Giexya” дастрас шуда, сифати баланд доранд ва ба саломатии инсон бехавф мебошад. Нархи хизматрасонии коргоҳи хушкишӯӣ ба сокинон дастрас мебошад. Масалан барои як шиму костюми мардонаро тоза кардан аз 20 то 40 сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст. Барои либосҳои кӯдакона бошад вобаста ба вазни либос нархгузорӣ карда мешавад. Коргоҳи “БЬЯНКА” ба ғайр аз хушкишӯӣ инчунин хизматрасониҳо рангкунии либосҳои чармин ва пойафзоҳоро пешниҳод менамояд. Роҳбарияти коргоҳ дар назди худ вазифа гузоштааст, ки инчунин омӯзиши хушкишӯиро барои занон роҳандозӣ кунад. Занони хоҳишманд бевосита метавонанд номнавис шуда дар коргоҳ назарияи хушкишӯиро ройгон омӯзанд. Ҳамчунин ҳафтае як маротиба рӯзи дарҳои кушод барои бонувон пешбинӣ шудааст.

Шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз доштанд, ки дар навбати занҳо хуб нозукиҳои хушкишӯиро омӯхтан онҳоро барои такмили дониши хушкишӯи ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омӯзиш таклиф намоянд.

Хотиррасон бояд шуд, ки роҳбари коргоҳ Муқаддас Қодирова худ давоми чанд моҳ назария ва амалияи хушкишӯиро дар кишвари Хитой омӯхтааст ва дорои дипломи дараҷаи олӣ мебошад. Соҳибкорзан Муқаддас Қурбонова ният дорад, ки дар мавриди дастгирӣ ёфтанаш ва омӯзонидани занон ба хушкишӯи коргоҳи худро васеъ намуда занҳои хонашинро бо ҷои корӣ доимӣ ва моши хуб таъмин намояд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи чунин коргоҳҳои хурди ҷавобгӯ ба талоботи мардумро иҷрои муваффақонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри васеъ намудани коргоҳи мазкур Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд