(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 бо ташаббуси омӯзгори фанни биологияи муассисаи мазкур Манзура Ғаффорова чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва бакорандозии агрегати якуми НБО “Роғун” таҳти унвони “Об ҳасту ҳаёт пойдор аст” баргузор гардид.

Хонандагони муассиса бо шеъру суруд, гуфторҳо дар бораи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ баромадҳо намуданд.

Таъкид шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии «Оби тоза», соли 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013 ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин иқдомҳо дар болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Саҳнаи ҷолиб дар бораи аҳамияти об ва муҳимияти он дар рӯзгори инсоният бо маҳорати хуб намоиш дода шуд.

Манзура Ёрматова, сарвари МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд ташкили чунин чорабиниҳоро дар самти тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии хонандагон муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари ҳадафҳои рушди ҳазорсола, аз ҷумла энергетика, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини амнияти санитарӣ ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии заҳираҳои об даъват намуданд. Ба ибораи дигар, Пешвои миллат пеш аз воқеъ гардидани буҳрони об дар ҷаҳон, масъалаи оқилона ва самаранок истифодабарии обро маҳз ба хотири раҳоии инсоният ва табиат ҳамчун ливо ва пайғоми сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд, ки ин пеш аз ҳама ифтихору сарфарозиҳои мост. Ба корандозии агрегати нахустини НБО “Роғун” ояндаи моро боз ҳам равшану мунаввар намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд